Корхонаҳои саноатии ноҳияи Восеъ ба маблағи қариб 18 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд
ВОСЕЪ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ корхонаҳои саноатӣ сол аз сол зиёд ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар мегардад. Бо дастгирии соҳибкорон имсол 7 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо беш аз 50 сокини ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар ду моҳи соли 2024 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 17 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки 121 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Тавре муовини раиси ноҳия Сабур Султонзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, «дар назди Ҷамъияти саҳомии Хоҷамуъмини ноҳияи Восеъ, ки яке аз калонтарин корхонаи саноатии хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад, ҳоло дар як рӯз беш аз 10 тонна намак коркард шуда, аз он ду намуди намак истеҳсол мешавад. Бо ворид шудани таҷҳизоти замонавӣ дар корхона истеҳсоли маҳсулот зиёд шуда, ҷойҳои нави кор бештар гардид. Инчунин бо мақсади таъсиси ҷойи кор дар ин корхона бо ҷалби мутахассисони соҳа коргоҳи нави истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ ба истифода дода шуд, ки дар айни замон зиёда аз 40 нафар занону ҷавонон дар он кор мекунанд.
Маҳсулоти истеҳсолгардида ба бозорҳо ва дӯконҳои маркази савдои шаҳру ноҳияҳо пешкаш мегардад. Дар ноҳия бо ҷалби соҳибкорон барои ободӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ корхонаҳои саноатии хурд ба истифода дода шудаанд, ки дар онҳо шахсони бекор ба кор ҷалб гардидаанд.
Дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби соҳибкорон 42 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар оянда шумораи корхонаҳои саноатиро зиёд намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд






