Корхонаҳои саноатии ноҳияи Восеъ ба маблағи қариб 18 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд

Март 31, 2024 15:03

ВОСЕЪ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ  корхонаҳои саноатӣ сол аз сол зиёд ва  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар мегардад. Бо дастгирии соҳибкорон имсол  7 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо беш аз 50 сокини ноҳия  бо ҷойи кор таъмин гардид.  Дар ду моҳи соли 2024 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 17 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки  121 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Тавре  муовини раиси ноҳия Сабур Султонзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, «дар назди Ҷамъияти саҳомии Хоҷамуъмини ноҳияи Восеъ, ки яке аз калонтарин корхонаи саноатии хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад, ҳоло дар як рӯз беш аз 10 тонна намак коркард шуда, аз он ду намуди намак истеҳсол мешавад. Бо ворид шудани таҷҳизоти замонавӣ дар корхона истеҳсоли маҳсулот зиёд шуда, ҷойҳои нави кор бештар гардид. Инчунин бо мақсади таъсиси ҷойи кор дар ин корхона  бо ҷалби мутахассисони соҳа коргоҳи нави истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ ба истифода дода шуд, ки дар айни замон зиёда аз 40 нафар занону ҷавонон дар он кор мекунанд.

Маҳсулоти истеҳсолгардида ба бозорҳо ва дӯконҳои маркази савдои шаҳру ноҳияҳо пешкаш мегардад. Дар ноҳия бо ҷалби соҳибкорон  барои ободӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ корхонаҳои саноатии хурд ба истифода дода шудаанд, ки дар онҳо шахсони бекор  ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар ноҳияи Восеъ  бо ҷалби соҳибкорон 42 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар оянда  шумораи корхонаҳои саноатиро зиёд намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 31, 2024 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Дар Душанбе оид ба Стратегияи рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ҷаласа доир шуд
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»

Маводҳои таҳлилӣ