Мавқеи паҳлавонони тоҷик дар раддабандии олимпӣ баъди Гранд Слами Тошканд беҳтар гардид

Март 13, 2024 18:35

ДУШАНБЕ, 13.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми мусобиқаи Гранд Слами Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон раддабандии олимпии ҷудо тағйир ёфт, ки дар он ҷудочиёни тоҷик мавқеашонро беҳтар намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паҳлавони тоҷик Эмомалии Нуралӣ баъди ба даст овардани медали тиллои мусобиқаи Гранд Слами Тошканд оид ба ҷудо соҳиби 1000 имтиёз гардида, ба мақоми 8-уми раддабандӣ дар вазни то 66 кг баромад.

Инчунин дар раддабандии олимпӣ ҷудочиёни дигари тоҷик Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён ва Обид Ҷебов мавқеи беҳтарро ишғол менамоянд. Агар ҷудочиёни мо бо чунин имтиёзҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеашонро нигоҳ доранд, пас Тоҷикистон соҳиби 7 роҳхати олимпӣ аз риштаи ҷудо мегардад. Ҳамчунин як ҷудочии дигари мо тариқи квотаи қитъавӣ роҳхати олимпӣ ба даст оварда метавонад.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса мегузаранд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Март 13, 2024 18:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид