«МОДАР–БАҚОИ ҲАЁТ». Дар Гулистон бахшида ба Рӯзи Модар конфренсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Март 8, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар–бақои ҳаёт» бо иштироки ҷавондухтарони Коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷавондухтарони фаъоли ҷамоати шаҳракҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва занони фаъоли ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳр хабар медиҳад.

Иброз  гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ доир ба ҷойгоҳ ва арзиши зан-модар чунин изҳор намуданд: «Нақши занон-модарон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам аз домани поки Модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҳар замоне сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан-модар муайян шуда, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасб ҳастанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҷомеа аст, ки имрӯз дар ин соҳа якчанд  барномаҳои давлатӣ амал менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баҳри то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод  шавад».

Дар конфренсия оид ба нақши занону духтарон дар рушди ҷомеа, тарбияи фарзанд, ҷойгоҳу арзиши зан – модар дар адабиёту таърихи куҳани миллати тоҷик, мавқеи онҳо дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии онҳо маърузаҳои илмӣ шунида шуданд.

Санъаткорони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи идонаро манзури иштирокчиён намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Гулистон

Март 8, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад