«МОДАР–БАҚОИ ҲАЁТ». Дар Гулистон бахшида ба Рӯзи Модар конфренсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар–бақои ҳаёт» бо иштироки ҷавондухтарони Коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷавондухтарони фаъоли ҷамоати шаҳракҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва занони фаъоли ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳр хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ доир ба ҷойгоҳ ва арзиши зан-модар чунин изҳор намуданд: «Нақши занон-модарон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам аз домани поки Модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.
Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҳар замоне сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан-модар муайян шуда, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасб ҳастанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҷомеа аст, ки имрӯз дар ин соҳа якчанд барномаҳои давлатӣ амал менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баҳри то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шавад».
Дар конфренсия оид ба нақши занону духтарон дар рушди ҷомеа, тарбияи фарзанд, ҷойгоҳу арзиши зан – модар дар адабиёту таърихи куҳани миллати тоҷик, мавқеи онҳо дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии онҳо маърузаҳои илмӣ шунида шуданд.
Санъаткорони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи идонаро манзури иштирокчиён намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Гулистон








Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид






