Намояндагони вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаҳои муҳими соҳаро баррасӣ намуданд

Март 9, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мулоқоти гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати татбиқи стратегияи рушди соҳаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо тақвияту ҳамкорӣ дар самтҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, техникӣ, рақамикунонӣ, илм ва инноватсия, воридоту содироти молу маҳсулот, омӯзиши таҷрибаи тарафайн ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки зимни ташрифи ҳайати Вазорати кишоварзии Узбекистон ба Тоҷикистон тибқи барнома ҳайат ба вилоятҳои Суғду Хатлон рафта, бо масъулин мулоқот анҷом дод.

Ҳамчунин барои дарёфти самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо имконияту иқтидори мавҷудаи вилоятҳо, хоҷагиҳои пешқадам, фабрикаҳои парандапарварӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ шинос шуд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 9, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд