Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз ҷониби Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад, форум бо иштироки роҳбарони академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо назардошти баррасии нақшаи фаъолияти муштараки соли 2024 оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ мансуб ба идораи давлатӣ, барномаҳои муштараки омӯзиши кадрҳои хизмати давлатӣ, ташкили машғулияти такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.
Ректори Академия дар форум вобаста ба аҳамияти ҳамкории академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, чолишҳо ва ҳадафҳои муштарак, рушди ҳамкорӣ ва таҷрибаи пешқадам дар самти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ сухан намуд.
Дар нимаи дуюми форум ҷаласаи Шурои ҷамъиятии ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба тайёр намудани кадрҳои самти идоракунии давлатӣ доир гардида, ректори Академия ҳамчун узви нави Шурои ҷамъиятии ин ташкилот муаррифӣ ва таъйин гардид.
Бояд гуфт, ки Академияи идоракунии давлатӣ аз соли 2016 аъзои комилҳуқуқи Ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба тайёр намудани кадрҳои самти идоракунии давлатӣ мебошад.
Ҳамзамон дар доираи сафар баррасии масъалаи идомаи барномаҳои омӯзишӣ бо ташкили мавзуъҳои ҷолибу муосир дар самти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Дар фарҷоми ҷаласаи Шурои ҷамъиятии ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба тайёр намудани кадрҳои самти идоракунии давлатӣ маросими баимзорасии созишномаҳои ҳамкорӣ баргузор гардид, ки дар он байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия созишномаи иловагии ҳамкорӣ оид ба ташкил ва гузаронидани 2 машғулияти кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба имзо расид.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






