Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?

Март 27, 2024 13:47

ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола операторҳои мобилӣ дар саросари Тоҷикистон ҳазорҳо пойгоҳи базавиро насб намуда, барои сохтмон ва навсозии инфрасохтор садҳо миллион сомонӣ маблағгузорӣ менамоянд. Чунин хароҷот ногузир бозбинии тарофаҳоро талаб менамояд. Аммо хароҷоти ширкатҳои телекоммуникатсионӣ барои насби пойгоҳҳои нави базавӣ чиро дар бар мегирад ва он то чӣ андоза зиёд мебошад? Барои ҷавоб додан ба ин савол биёед муайян созем, ки пойгоҳи базавии нав дар харитаи ҷумҳурӣ умуман чӣ тавр пайдо мешаванд.

Чӣ гуна?

Насби як пойгоҳи базавӣ– ин раванд то чӣ андоза душвор ва тӯлонӣ аст ва он чӣ тавр анҷом дода мешавад? Кор аз таҳлили мақсадноки ба кор андохтани «пойгоҳ» оғоз меёбад. Мутахассисон ҷойгиршавӣ, зичии аҳолиро меомӯзанд ва ҳаҷми трафикро пешгӯӣ менамоянд. Имконияти ба шабакаҳои барқӣ пайваст намудани таҷҳизотро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд — вале дар ноҳияҳои баландкӯҳ аксар вақт норасоии онҳо ба назар мерасад ва ин маънои онро дорад, ки манбаъҳои алтернативии неру бояд доим таъмин бошанд. Масалан, генераторҳои дизелӣ. Дар баробари ин, барои ҳар як майдони пойгоҳи базавӣ ҳадди ақалл ду-се макони имконпазири насбкунӣ муайян карда мешавад, ки дар ниҳоят беҳтарини онҳо интихоб мегарданд. Пас аз чунин санҷиш маълум мешавад, ки чӣ гуна таҷҳизот лозим аст, кадом корҳоро бояд анҷом дод ва дар кадом муҳлат хароҷоти сохтмон бароварда мешавад. Таҳқиқу тарҳрезӣ то ду моҳ тӯл мекашад.

Асосноккунӣ анҷом дода шуд ва майдони пойгоҳи базавӣ ба нақшаи рушди техникии шабака ворид гардид. Ин маънои онро дорад, ки марҳилаи навбатӣ — гирифтани ҳамаи иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ оғоз меёбад. Тибқи қонун, оператори алоқа наметавонад таҷҳизотро дар ҷойи дилхоҳаш гузорад. Барои ин розигии сокинони маҳаллӣ, имзои раиси ҷамоат ё ноҳия, шартномаи иҷораи майдон барои пойгоҳи базавӣ лозим ҳастанд. Барои насбкунӣ бояд Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти санитарию эпидемиологӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, оташнишонҳо, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва баъзан дигар идораҳо иҷоза диҳанд, масалан, агар пойгоҳи базавӣ дар ҳудуди иншооти давлатӣ насб карда шавад. Дар алоҳидагӣ бояд бо энергетикҳо масъалаи пайвасткунии таҷҳизот мувофиқа шавад –танҳо барои гирифтани ин ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ то ду моҳ вақт лозим аст. Акнун ҳамаи ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ шуданд — сохтмонро оғоз кардан мумкин аст!

Албатта, дар баробари гирифтани иҷозатномаҳо оператор таҷҳизоти заруриро фармоиш медиҳад. Он дар хориҷа харидорӣ гардида, интиқол то 90 рӯзро дар бар мегирад.

Корҳои сохтмонӣ-васлгариро одатан дар як вақт якчанд бригада анҷом медиҳад. Теъдоди умумии коргарон аз макони васлгарии пойгоҳи базавӣ вобаста аст: дар болои боми бино ё иншооти мавҷпахшкунандаи махсус сохташуда – ИМ, сода карда гӯем, «манора». Аммо ба ҳисоби миёна, барои сохтмони як пойгоҳ то 12 мутахассис ҷалб мешавад. Бояд донист, ки васлкунию пайвастнамоии таҷҳизот ба шабакаҳои барқӣ кофӣ нест: бояд фаъолияти он санҷида шавад, оё таъминоти барномавӣ ба ягон хато роҳ медиҳад, оё пойгоҳ бо пойгоҳи базавии ҳамсоя алоқамандӣ дорад ё на? Бо назардошти он ки ҳоло пойгоҳҳои базавӣ аксар вақт дар якчанд басомадҳо кор карда, дар стандартҳои гуногуни алоқа дастрасанд — аз «овозӣ»-и 2G то 4G бо суръати баланди интернети мобилӣ ин осон нест.

Дар маҷмуъ: насби танҳо як пойгоҳи базавӣ то шаш моҳро дар бар мегирад, ки аз ин муддат васлкунӣ, ба кор даровардан ва танзимкунӣ аз 20 то 35 рӯзро ташкил медиҳад.

Чӣ қадар?

Корҳои сохтмонӣ чӣ миқдор маблағро тақозо мекунанд ва оё операторон чунин хароҷотро ҳамеша ба амал мебароранд? «Мутаассифона, на дар ҳар деҳа гузоштани пойгоҳи базавӣ  мувофиқи мақсад аст. Ба ҳар ҳол, ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ташкилоти тиҷоратӣ маҳсуб мешаванд ва муҳлати хароҷотбарории корҳо вобаста ба насби «база» набояд аз чор сол зиёд бошад. Сохтмон дар ҷойе идома меёбад, ки он дурнамо дорад», — мегӯяд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев.

Тавре иброз гардид, таҷҳизоти алоқа дар хориҷа харидорӣ мешавад, бинобар ин операторон нархҳоро бо доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка  нишон медиҳанд. Биёед тамоми хароҷотро ҳисоб кунем.

Вобаста ба конфигуратсияи пойгоҳи базавӣ, арзиши таҷҳизот барои як майдон аз 30 то 50 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмону васлкунӣ 15-30 ҳазор доллар арзиш доранд. Илова бар ин, барои ҳар як пойгоҳи базавӣ бояд иҷозатнома дастрас шавад — ин боз аз 2,5 то 5 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Бо назардошти боҷҳои гуногун, пардохтҳо ва хароҷоти камтар, хароҷоти умумии ширкатҳои телекоммуникатсионӣ танҳо барои як пойгоҳи базавӣ метавонад ба 100 ҳазор доллар ё беш аз 1 миллион сомонӣ расад.

Вақте оператор ҳамасола даҳҳо пойгоҳи базавии навро бо дархости муштариён насб менамояд — аммо дар баробари ин, дар якчанд сол танҳо як маротиба ва на он қадар зиёд нархи тарофаҳоро баланд мебардорад, гуфтаҳои болоро дар хотир бояд нигоҳ дошт.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Март 27, 2024 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад