НАЗАРИ КОРШИНОС. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба зиёд гардидани соҳибкории хурд ва баланд шудани некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд

Март 2, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди минбаъдаи он ба соҳибкасб гардидани аҳолӣ, баланд бардоштани шуғлнокии аҳолӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, зиёд гардидани соҳибкории хурд ва дар умум баланд шудани некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд. Чунин изҳори андеша намуд коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аниса Содиқова дар робита ба қабули қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026».

Дар зер шакли пурраи маводи муаллифро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимияти масъалаи рушди ҳунарҳои мардумиро дарк намуда, ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешад. Қабул гардидани якчанд санади меъёрию ҳуқуқӣ ба омода шудани заминаи қонунгузорӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳои андозӣ асос гузошт, аз ҷумла:

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои мардумӣ» аз 20.06.2019;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз 28.10.2020;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шурои ҳамоҳангсози ҳунарҳои мардумии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26.09.2020;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби пешбурди рӯйхати ҳунармандӣ» аз 27.04.2021;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи касбҳои ҳунармандӣ» аз 26.06.2021.

Бахусус Қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» аз 18 феврали соли 2024 ба имзо расид, ки мутобиқи он давоми  солҳои 2024 – 2026  60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода мешавад:

– дар соли 2024 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;

– дар соли 2025 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;

– дар соли 2026 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ.

Ҳамчунин ҷиҳати амалисозии ин иқдом дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода мешавад.
Халқи тоҷик дорои таърихи қадимии бою ғанӣ буда, ҳунарҳои гуногуни аҷдодонро пос медорад. Фаъолияти ҳунармандӣ- ин меҳнати шахсии корманд дар асоси малака, таҷриба, технологияҳои хос бо истифода аз асбоби қадимӣ ё муосир мебошад. Ҳунармандони мамлакат ҳунару маҳораташонро давоми асрҳо аз насл ба насл мегузаронанд. Дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ тарғиби анъанаҳои миллӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ ва рушду такомули маҳорати насли оянда мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик ҳанӯз аз солҳои пеш арзи ҳастӣ намуда, дар байни дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи хосса доштанд.

Тибқи таҳқиқоти гуногуни олимон, ҳунару ҳунармандӣ дар заминаи анъанаҳои миллӣ ташаккул ёфта, маҳсули онро метавон дар ҷашнҳои гуногуни миллиамон, аз қабили Наврӯзи Аҷам, ҷашни Сада, тӯйҳои арӯсию домодӣ, гаҳворабандон ва дигар ҷашнҳои аҷдодӣ, ки дар онҳо нақшу нигори миллӣ бо сӯзанию кашидадӯзӣ ва кандакорию чӯбтарошӣ оро дода мешаванд, мушоҳида намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва нақши он дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Зеро тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи он на танҳо мероси таърихии ниёгони мо, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷиҳати тарғибу эҳё намудани ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни мамлакат якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки тибқи он чорабиниҳои сатҳи гуногун давра ба давра амалӣ мегарданд.

Ҳамин тавр, Сарвари давлат бо мақсади дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани фарҳанги миллӣ ва ба ин васила рушди соҳаи сайёҳӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон ва таъкид намуданд, ки «…бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад».

Инчунин ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар ин самт аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуданд, ки ба рушди минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мегардад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 8041 ҳунарманд фаъолият намудааст.

Аз шумораи умумии ҳунармандон 41,41% дар вилояти Хатлон, 32,92% дар вилояти Суғд, 17,32% дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 6,91% дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 1,43% дар шаҳри Душанбе фаъолият намудаанд (www.stat.tj).


Ҳамчунин тибқи маълумоти расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ соли 2023 ба 79,6 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022    21,7 фоиз зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки вазорат бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии тобеи вазорат даврҳои кӯтоҳмуддат баргузор намуд, ки дар онҳо 13 644 нафар аз рӯйи 48 касбу ихтисос таълим гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023) иброз доштанд, ки «солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии мамлакат зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо шудааст».

Таъкид бояд намуд, ки дар ҷумҳурӣ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалб намудани шаҳрвандони бекор ба шуғли арзанда, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, муаррифии таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ барои ҷаҳониён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Марказҳои гуногуни касбомӯзӣ, ки дар саросари минтақаҳои мамлакат фаъолият менамоянд, ҷиҳати тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ба касбомӯзии шаҳрвандон, бахусус ҷавонону занҳои хонанишин имкон фароҳам меоранд, то ба омӯзиши кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, попурзанӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, муҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, сабадбофӣ, ҷӯроббофӣ, қуроқдӯзӣ, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, ошпазию қаннодӣ, ҳунарҳои кандакорӣ, челонгарӣ, дуредгарӣ, чӯбтарошӣ, сангтарошӣ, кулолгарӣ ва ғайра фаро гирифта шуда, баъди соҳибкасб гардидан аз тарафи масъулини соҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин  шаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 2, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рамзи фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» омода гардид
Ёдгории бостонии «Тахти Шоҳӣ» бозгӯи он аст, ки ин мавзеъ аз қадим макони зисти тоҷикон будааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар Тоҷикистон марҳилаи нави корҳои бостоншиносӣ оғоз гардид
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид