Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
ДУШАНБЕ, 26.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар гармхонаи Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»— и ноҳияи Кӯшониён 50 тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардид, ки он дар муқоиса ба соли 2022 (40 тонна) 10 тонна зиёд мебошад. Муассиси хоҷагии мазкур ба нақша гирифтааст, ки дар майдони 2,0 гектар барои парвариши лимӯ гармхонаи нав бунёд намояд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Роҳбари хоҷагӣ Маҳмадтолиб Ҷобирзода иброз дошт, ки ба сохтмони гармхона аз соли 2012 оғоз намуда, соли 2016 онро ба истифода доданд. Дар хоҷагӣ 10 гармхона бунёд шудааст, ки дар онҳо 6 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Даромади хоҷагӣ аз ҳисоби гармхона аз 300 то 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Хоҷагидорон ҳосили лимӯро ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда, ҳамчунин ба Федератсияи Русия содирот менамоянд.
Муассиси хоҷагӣ ба нақша гирифтааст, ки дар 3,0 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда бунёд намуда, аз ҷумла дар майдони 2,0 гектар лимӯ ва дар майдони 1,0 гектар сабзавоти барвақтӣ кишт намояд.
Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар» дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектар пахта, 8 гектар ғалладонагиҳо, 1,5 гектар картошка ва 3,9 гектарро замини кишти хӯроки чорво ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






