«ОМӮЗГОРИ МАН – ИФТИХОРИ МАН». Ҳафтаномаи «Омӯзгор» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаномаи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин маводи публитсистию адабӣ аз рӯйи жанрҳои мақола, очерк, лавҳа, ҳикоя ва эссе Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори ман – ифтихори ман» эълон менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» хабар доданд, ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори ман – ифтихори ман» татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати моариф ва илм ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва инъикоси фаъолияти густардаву фидокоронаи онҳо буда, навиштаҳое ба озмун роҳ дода мешаванд, ки дар онҳо аз умумигӯӣ, баёни сатҳии тарҷимаи ҳоли омӯзгорон ва нақли хушку беобуранг худдорӣ шуда бошад. Ба навиштаҳое, ки муъҷазу муассир ва дорои забони шевою ҷозиб мебошанд, бартарӣ дода мешавад.
Инчунин нигоштаҳо бояд инъикосгари таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба аҳли маориф бошанд, чеҳраи воқеии омӯзгор ва корномаи ӯро ба таври муассир бозгӯӣ намоянд, мавқею мартабаи шоистаи омӯзгорро дар ҷомеаи мо тасвир намоянд, навгонию эҷодкорӣ, хислатҳои ҳамидаи аҳли таълиму тарбия ва нақши онҳоро дар ҷомеа тавсиф бахшанд, аз таҷрибаи судманди омӯзгорон ҳикоят намоянд.
Иштирок дар озмун озод буда, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон ва кормандони гуногункасб метавонанд дар он иштирок намоянд.
Озмун аз рӯзи эълон шудан то 10 сентябри соли 2024 идома ёфта, дар арафаи Рӯзи омӯзгорон ҷамъбаст мешавад.
Ғолибони озмунро туҳфаҳои зерин интизоранд:
Ҷойи якум – 10 000 сомонӣ
Ҷойи дуюм – 7 000 сомонӣ
Ҷойи сеюм – 5 000 сомонӣ
Ҳамчунин 3 иштирокчии фаъол бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Навиштаҳо ба озмун набояд аз 4-5 саҳифаи чопи компютерӣ бо ҳуруфи 14 зиёд бошанд.
Навиштаҳое, ки ба озмун роҳ меёбанд, дар шакли китоби алоҳида чоп хоҳанд шуд.
Иштирокчиён метавонанд матлабҳояшонро ба суроғаи электронии ҳафтаномаи «Омӯзгор» – n.omuzgor@maorif.tj ё ба идораи ҳафтанома: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 126, бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» ирсол намоянд.
Телефон барои тамос: 225-81-57
АКС: Ҳафтаномаи «Омӯзгор»








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






