ОМӮЗИШИ НОЗУКИҲОИ РОБОТОТЕХНИКА. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дарси маҳорат гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми се рӯз аз ҷониби Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Шиносоӣ бо робот ва асосҳои робототехника» бо ҷалби коршиноси олмонӣ дар соҳаи робототехника Денис Фритсше дарси маҳорат (мастер-класс) доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дарси маҳорат дар Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ баргузор гардида, ба иштирокчиён таҷҳизоти роботҳо омӯзонида шуд. Иштирокчиён бо ҷаҳони техникӣ шинос шуда, дар бораи ҷузъҳои асосии роботҳо маълумоти зарурӣ гирифтанд. Ҳамзамон иштирокчиён тарзи идоракунии роботҳоро тавассути ҳалли нармафзорҳои гуногун омӯхтанд. Марҳилаи ниҳоии машғулият махсусан ҷолиб буд, зеро иштирокчиён имкон пайдо намуданд, ки донишашонро тавассути кор бо роботҳои виртуалӣ дар амал татбиқ намоянд.
Ба дарси маҳорат беш аз 25 иштирокчӣ барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи робототехника ҷалб шуданд.
«Мо ифтихор дорем, ки тавонистем чунин имконияти фарохи таълимӣ фароҳам орем ва ба мутахассисони ояндаи технология илҳом бахшем»,- иброз дошт директори Парки технологӣ Абдураҳмон Маҳмудов.
Дар анҷоми дарс ба ҳамаи иштирокчиён бо имзои Денис Фритсше сертификат супурда шуд, ки дониш ва маҳорати онҳоро дар соҳаи робототехника тасдиқ менамояд.
АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






