ОМӮЗИШИ НОЗУКИҲОИ РОБОТОТЕХНИКА. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дарси маҳорат гузаронида шуд

Март 30, 2024 17:10

 ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми се рӯз аз ҷониби Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Шиносоӣ бо робот ва асосҳои робототехника» бо ҷалби коршиноси олмонӣ дар соҳаи робототехника Денис Фритсше дарси маҳорат (мастер-класс) доир шуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дарси маҳорат дар Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ баргузор гардида, ба иштирокчиён таҷҳизоти роботҳо омӯзонида шуд. Иштирокчиён бо ҷаҳони техникӣ шинос шуда, дар бораи ҷузъҳои асосии роботҳо маълумоти зарурӣ гирифтанд. Ҳамзамон иштирокчиён тарзи идоракунии роботҳоро тавассути ҳалли нармафзорҳои гуногун омӯхтанд. Марҳилаи ниҳоии машғулият махсусан ҷолиб буд, зеро иштирокчиён имкон пайдо намуданд, ки донишашонро тавассути кор бо роботҳои виртуалӣ дар амал татбиқ намоянд.

Ба дарси маҳорат беш аз 25 иштирокчӣ барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи робототехника ҷалб шуданд.

«Мо ифтихор дорем, ки тавонистем чунин имконияти фарохи  таълимӣ фароҳам орем ва ба мутахассисони ояндаи технология илҳом бахшем»,- иброз дошт директори Парки технологӣ Абдураҳмон Маҳмудов.

Дар анҷоми дарс ба ҳамаи иштирокчиён бо имзои Денис Фритсше сертификат супурда шуд, ки дониш ва маҳорати онҳоро дар соҳаи робототехника тасдиқ менамояд.

 АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Март 30, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад