ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон бозӣ менамояд

Март 26, 2024 16:44

ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал, ки аз 17 то 28 апрел дар Тайиланд баргузор мешавад, бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон бозӣ менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтан дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон бозӣ менамояд.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои дастаи миллии Узбекистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар се шаҳри Узбекистон – Тошканд ва Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 26, 2024 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст