Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ташкили барномаҳои омӯзиширо бо мақсади тақвияти зарфияти захираҳои инсонӣ баррасӣ намуданд

Март 8, 2024 11:11

ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Вазири мудирияти кадрҳои Ҷумҳурии Корея Ким Сеонг Ҳо иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни вохӯрӣ мавзуи таҳкими ҳамкорӣ дар самти бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, табодули таҷрибаи хизматчиёни давлатӣ ва инчунин ташкили барномаҳои омӯзишӣ бо мақсади тақвияти зарфияти захираҳои инсонӣ баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 8, 2024 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд