Президенти Бонки исломии рушд барои иштирок дар Конфронси сеюми Душанбе даъват шуд

Март 7, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Бонки исломии рушд (БИР) доктор Муҳаммад Ал-Ҷосир мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, аз ҷумла раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои рушди зерсохтор, тандурустӣ, энергетика, маориф, амнияти ғизоӣ ва дастгирии бахши хусусӣ баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот вазири корҳои хориҷӣ даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба Президенти Бонки исломии рушд ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, супорид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд