САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ОБОДОНИИ ВАТАН НИЗ ИБОДАТ АСТ. Сокини ноҳияи Айнӣ ба ҷойи адои ҳаҷҷи фарзӣ барои ҳамдеҳагонаш пули дарозиаш 6 метр сохт

Март 19, 2024 08:56

 ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Пишанзаи Ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ Хуҷмурод Шарифов  бо мақсади саҳм гузоштан  дар ободонии як гӯшаи диёр  маблағи муайянеро, ки барои  адои ҳаҷҷи фарзӣ  пасандоз намуда буд, барои бунёди пули дарозиаш  6 метр ва бараш 3 метр дар мавзеи Дуоба, инчунин таъмири 7 километр роҳи мошингарди байни  деҳаҳои Ремону Пушинза ва ҳамвор намудани  замини майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Анзоб  харҷ намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки  сокини деҳаи Пишанзаи Ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ Хуҷмурод Шарифов  инчунин тасмим гирифтааст, ки хонаи фарҳанги деҳаро таъмир намояд.

Саҳм гузоштан дар ободонии Ватан низ ибодат буда, хайри  ҷория маҳсуб мешавад ва ин ташаббуси сокини деҳаи Пушинза барои дигарон намунаи ибрат мебошад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 марти имсол дар мулоқот бо фаъолон,  намояндагони ҷомеа ва ходимони дин  таъкид намуда, гуфтанд: «Танҳо соли 2023   63 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат маросими ҳаҷ ва умраро адо намудаанд. Маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст. Маблағи барои ҳаҷ сарфнамудаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, яъне дар замоне, ки дар аксари давлатҳои ҷаҳон раванди манфии пастравии иқтисодиёт мушоҳида мегардад ва қариб дар 80 кишвари дунё мардум аз нарасидани ғизо ва гуруснагӣ азият мекашанд, барои мамлакати мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад. Агар ин маблағ барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар намудани шароити зисту таҳсили фарзандон, таъмини ғизои босифат, сару либос ва ашёи хониш, инчунин дастгирии ниёзмандон ё корҳои ободонӣ сарф мегардид, шароити зисти чӣ қадар оилаҳо беҳтар мешуд».

АКС аз манбаъҳои боз

Март 19, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад