«САҲМИ ЗАНОН-МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР РУШДИ ВАРЗИШИ КАСБӢ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми занон-модарони тоҷик дар рушди варзиши касбӣ» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Таъкид карда шуд, ки саҳми модарони тоҷик дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва таъмини иштироки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ боиси таҳсин аст.
Иброз гардид, ки имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳар як варзишгарзан таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса доранд. Бинобар ин, ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо пайваста баҳри гулгулшукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори мардон ва чун шарики боэътимод дар кулли чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ бо саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолона, хираду заковат, матонату диловарӣ намунаи ибрат бошанд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 80 иштирокчии чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






