САНО БА ЗАН-МОДАР. Дар ноҳияи Дарвоз Рӯзи Модарро бо тантана таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ ва барномаи бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҳамасола дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон мебошад. Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорӣ ҳастанд, чунки сарчашмаи зиндагӣ ва файзбахши меҳру сафои зиндагӣ мебошанд.
Таъкид шуд, ки дар шароити вусъат пайдо намудани таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризму экстремизм ва ифротгароӣ, ки ба падидаи ташвишовар табдил ёфтаанд, модарон метавонанд бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модарона наврасону ҷавононро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир эмин доранд ва нагузоранд, ки фарзандони бо ҳазор ранҷу заҳмат парвардаи онҳо бадкирдору бадбахт шаванд. Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётӣ медонад.
Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи Модар аз тарафи раиси ноҳия як зумра модарони собиқадор барои хизматҳои арзандаву бенуқсон дар рушду нумуи ноҳия ва тарбия намудани насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.
Як гурӯҳ хонандагон низ барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои мактабӣ ва ҷамъиятӣ, озмуну олипиадаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз








Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






