Ширкати олмонии «Тrutzschler spinning» дар вилояти Хатлон корхонаи ресандагӣ бунёд менамояд
ДУШАНБЕ, 13.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии ширкати олмонии «Trutzschler spinning» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон нақша дорад, ки дар вилояти Хатлон корхонаи ресандагӣ бунёд намояд. Дар ин хусус зимни вохӯрии муовини Раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода дар ноҳияи Вахш бо намояндагони ин ширкат иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар мулоқот Заробиддин Файзуллозода ва масъулини намояндагии ширкати олмонии «Trutzschler spinning» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии Вилфрид Готманнс оид ба ҳамкорӣ дар самти харидорӣ намудани таҷҳизот барои корхонаи ресандагӣ суҳбат намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои ҳамкории минбаъда ба мувофиқа расида, барои сохта, ба истифода додани корхонаи ресандагӣ машварат намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо бо корхонаи ресандагии «Бакан», ки дар он таҷҳизоти ин ширкат истифода мешавад, шинос шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






