Соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб 3 муассисаи замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешаванд
КӮЛОБ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сармоягузории хориҷӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд муассисаи нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо тамоми шароити замонавӣ сохта мешаванд.
Тавре мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Нурулло Салимзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бунёди муассисаи таълимии шакли нав барои 624 хонанда иборат аз 26 синфхонаи таълимӣ дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо маблағгузории хориҷӣ, муассисаи нави таълимӣ дар маҳаллаи Абдушукуроваи шаҳри Кӯлоб барои 1200 хонанда иборат аз 42 синфхонаи таълимӣ бо маблағгузории Бонки Исломии рушд ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар назар аст.
Изҳор гардид, ки соли 2024 дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳр, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 – и Ҷамоати деҳоти Зарбдор, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 – и Ҷамоати деҳоти Зарбдор, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 – и шаҳр, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳаи Пистамазори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 – и Ҷамоати деҳоти шаҳри Кӯлоб бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва сармояи хориҷӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






