«Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Остона-Душанбе хатсайри нави мустақиму мунтазам оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 2 апрели соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин парвози мустақимро дар масири Душанбе-Остона-Душанбе оғоз менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Хатсайри нави мустақиму мунтазам ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона шабакаи парвозҳои ширкати «Сомон Эйр»-ро васеъ намуда, ба рушди устувори равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон такони тоза мебахшад. Он ҳамзамон барои мусофирон имкони иҷрои парвозҳои мустақимро байни пойтахтҳои ду давлат фароҳам меорад.
Парвозҳо ҳафтае як маротиба — рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд. Аз 19 апрел шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Остона то ду парвоз дар як ҳафта — рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа зиёд карда мешавад. Рӯзҳои сешанбе вақти парвоз аз Душанбе соати 16:25, аз Остона 19:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Рӯзҳои ҷумъа вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00 ва аз Остона соати 12:15 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.
Дар айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон муваффақона анҷом медиҳад.
Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






