«Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Остона-Душанбе хатсайри нави мустақиму мунтазам оғоз менамояд

Март 20, 2024 10:57

ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 2 апрели соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин парвози мустақимро дар масири Душанбе-Остона-Душанбе оғоз менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Хатсайри нави мустақиму мунтазам  ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона шабакаи  парвозҳои ширкати «Сомон Эйр»-ро васеъ намуда, ба рушди устувори равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон такони тоза мебахшад. Он ҳамзамон барои мусофирон имкони иҷрои парвозҳои мустақимро байни пойтахтҳои ду давлат фароҳам меорад.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба — рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд. Аз 19 апрел шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Остона то ду парвоз дар як ҳафта — рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа зиёд карда мешавад. Рӯзҳои сешанбе вақти парвоз аз Душанбе соати 16:25, аз Остона 19:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Рӯзҳои ҷумъа вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00 ва аз Остона соати 12:15 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.

Дар айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон муваффақона анҷом медиҳад.

Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 20, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?