ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 март, якшанбе, 91-умин рӯзи соли 2024 аст

Март 31, 2024 08:00

31 марти соли 1975 корхонаи алюминийи тоҷик (ТадАЗ) – калонтарин корхонаи истеҳсолии металлҳои ранга дар Осиёи Марказӣ сохта шуд.

***

Соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд аввалин Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба самбо баргузор гардид. Дар он самбочиёни тоҷик аз 9 медали тилло 6-тояшро соҳиб гардида, беҳтарин ҳисобида  шуданд.

***

31 марти соли 2017  аз байни  якчанд намуди рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи «Соли ҷавонон»- тасдиқ гардид, ки  намуди доирашакл дошта, дар атрофаш ҳалқаи сабз тасвир ёфтааст. Дар ҳалқа матни «СОЛИ ҶАВОНОН» ва «2017» ҷойгир шудааст. Дар мобайни рамз кураи Замин, дар рӯи он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва тоҷ ҷойгир буда, нишони ягонагӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад.  

*** 

31 марти соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, Маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ва бинои Деҳоти ба номи «Ҳайдар Усмонов»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 ***

31 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор гардид.

 ***

31 марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, хати оби полезиро ифтитоҳ бахшиданд ва боғҳои нави интенсивию суперинтенсивӣ дар Кооперативи боғпарварии «Саховати Куруш»-ро тамошо намуданд.

31 МАРТ:

 Дар Малта – Рӯзи озодӣ.

Март 31, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш