ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 март, душанбе, 64-умин рӯзи соли 2024 аст
4 марти соли 2010 дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» баррасӣ шуд.
***
4 марти соли 2012 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар даври ниҳоии Ҷоми КФО-2012 ба пойтахти Непал- шаҳри Катманду сафар намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.
***
4 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шурои Олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардиданд.
***
4 марти соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номи яке аз қуллаҳои кӯҳӣ ба номи олими бузурги тоҷик, академик Раҳим Масов гузошта шуд.
***
4 марти соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии Озарбойҷон ва Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев боздид намуданд.
***
4 марти соли 2023 бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки беш аз 700 нафар занон ҳамоиш доир гардид.
4 МАРТ:
Дар Беларус — Рӯзи милитсия.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Дона Баҳромов- соли 1949 —Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон