ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат менамоянд?
ДУШАНБЕ, 18.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 31 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Инчунин тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ аз 21 то 26 март, ва донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ аз 21 то 25 март ба таътили баҳорӣ мебароянд.
Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ ҷалб мешаванд. Инчунин ба хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешавад, то дар таътили баҳорӣ онҳоро мутолиа намоянд.
Иброз гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша корҳои муфид ва барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.
Масъулини соҳаи маориф иброз медоранд, ки падару модарон ва роҳбарони синфҳо бояд саёҳат ташкил намуда, бачаҳоро ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо баранд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, бояд оид ба муҳтавои китобҳои хондаашон суҳбат гузаронанд.
Инчунин ба хонандагон тавсия дода мешавад, ки дар давраи таътили баҳорӣ бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавиашонро васеъ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






