ТОҶИКИСТОН — МАМЛАКАТИ САБЗ. Дар канори роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ беш аз 6 миллион ниҳолу буттаҳо шинонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар канори роҳҳои мошингарди Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кишвари сабз» барои солҳои 2023-2027» беш аз 6 миллион бех ниҳол, аз ҷумла сафедор ва дигар дарахтони ороишии сояафкан ва ҳамешасабз шинонида мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.
Дар маҷмуъ дар доираи татбиқи ин барнома дар Тоҷикистон то охири соли 2025 дар масоҳати беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион бех дарахту буттаҳо, беш аз ҳама дарахтони мевадиҳанда, хуч ва санавбар сабзонида мешаванд.
«Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кишвари сабз» барои солҳои 2023-2027», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2023 ба тавсиб расид, дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, ба коҳиш додани таъсири манфии омили инсонӣ ба муҳити зист нигаронида шудааст.
Барнома дар ду марҳила амалӣ мешавад. Марҳилаи аввал солҳои 2023-2025 ва марҳилаи дуюм солҳои 2026-2027 — ро дар бар мегирад.
АКС аз манбаъҳои боз








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






