Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳкими муколамаи сиёсиро таъкид намуданд

Март 6, 2024 08:53

ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, бахусус таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, шарикии амниятӣ, инчунин пешбурди робитаҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» («С5+1») ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2024 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд