«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Боғи истироҳатию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати фаро расидани фасли баҳор дар Боғи истироҳатию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем» баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, дар ҳамоиш 300 нафар занону донишҷӯдухтарон бо либосҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас ва чакан иштирок намуданд.
Ҳадаф аз иқдоми «Тоҷикона мепӯшем»- арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ идома дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров










Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






