«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Боғи истироҳатию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамоиш баргузор шуд

Март 10, 2024 11:59

ДУШАНБЕ, 10.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  ба муносибати фаро расидани фасли баҳор дар Боғи истироҳатию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем» баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, дар ҳамоиш 300 нафар занону донишҷӯдухтарон бо либосҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас ва чакан иштирок намуданд.

Ҳадаф аз иқдоми «Тоҷикона мепӯшем»- арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ идома дорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 

Март 10, 2024 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст