«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар шаҳри Бохтар ба анъанаҳо ва либоси миллӣ арҷ гузошта мешавад

Март 18, 2024 11:34

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона дар майдони Нишони шаҳри Бохтар таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши тарғиби либоси миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар медиҳад.

Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.

Бояд гуфт, ки либоси миллӣ пояи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми асрҳо зебоияшро гум накардаву минбаъд низ гум наменамояд.

Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан – модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо, ки дар ҳама давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси миллат ба шумор мерафт, пеши назар меояд, зеро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат мебошад ва яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳо аст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Бохтар/манбаъҳои боз

Март 18, 2024 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад