«ТОЗАГИИ ШОҲРОҲ». Дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ҳашари экологӣ гузаронида шуд

Март 10, 2024 10:42

ДУШАНБЕ, 10.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ҳашари экологии «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуда, дар масофаи 250 метр атрофи роҳ тоза гашта, дар ҳаҷми 2,6 м3 партов ҷамъоварӣ ва бароварда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар баробари баргузории ҳашари «Тозагии шоҳроҳ» ҳамчунон дар ин минтақа дарахтони ороишӣ шинонида шуданд. Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузории ҳашар ва маъракаи ниҳолшинониро зери назорат қарор дода, аз масъулин тақозо менамояд, ки дар беҳдошти муҳити зист ва сарсабзу хуррам гардидани ноҳия ҳисса гузоранд. Маъракаи ободонӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонӣ  рӯзҳои минбаъда низ идома меёбад.

Инчунин дар ҳошияи тақвият бахшидани корҳои ободониву солимгардонии муҳити зист дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ ҳашари «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Март 10, 2024 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд