Занону модарони тоҷик дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд
ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ҳамеша мақому манзалат ва ҳурмату эҳтироми Зан-Модарро ба таври шоиста қадрдонӣ менамоянд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ бо ташаббус ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имконияти баробари мардону занон дар сатҳи сиёсати давлатии Тоҷикистон тадбирҳо амалӣ шуда, ин раванд бобарор идома дорад.
Дар ин замина Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 28 декабри соли 2023 таъкид намуда буданд, ки «мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам овардем. Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат менамоянд».


Гуфта шуд, ки занон-модарони тоҷик дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар байни фарзандонашон ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.
Дар ҷамъомад ба собиқадорони меҳнат ки солҳои дароз дар дастгоҳи марказӣ, корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва мақомоти идораи замин дар маҳал фаъолияти пурсамар намуда, ҳоло давлати пирӣ меронанд, туҳфаҳои идона тақдим гардид.
Ҳофизони хушнавои тоҷик бо сурудҳои дилнишин ба чорабинии идона шукуҳи тоза бахшиданд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






