ЗИ РӮЯТ НУР МЕБОРАД, АЛО ЭЙ ДУХТАРИ ТОҶИК. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин коллеҷ хабар медиҳад.
Зимни ҳамоиш ҷавондухтарон шаклҳои гуногуни либоси миллиро бо тарҳи замонавӣ ба маърази тамошо гузошта, зебоию шинамӣ ва мутобиқати онро ба фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик намоиш доданд.
Баҳри арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ҳамзамон анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ шуруъ аз 1 март то 31 май дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» гузаронида мешавад.


Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар фасли баҳори некфайз ва иди Наврӯзи байналмилалӣ дар баробари сабзу хуррам гардидани табиат духтарону модарони мо низ бо ба бар намудани либоси миллӣ мисли гулҳо мешукуфанд.
Либоси миллӣ дар баробари забону фарҳанг аз рукнҳои асосии ҳастии миллат маҳсуб шуда, дар шебу фарози таърих борҳо дар вартаи нобудӣ қарор гирифтааст. Аммо маҳз эҳсоси баланди худшиносии занону духтарони тоҷик зебоиву шинамии либоси тоҷикиро то ба наслҳои имрӯза расонидааст.
АКС: Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ










Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






