11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ДУШАНБЕ, 11.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 11 апрел Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Паркинсон эътироф шудааст. Ин рӯз ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи ин беморӣ, расонидани кумак ба беморон ва оилаҳои онҳо ва инчунин саҳм гузоштан дар рафъи ин беморӣ равона гардидааст. Паркинсон чӣ гуна беморӣ аст ва муолиҷаи он чӣ тавр амалӣ мешавад?
Паркинсон бемориест, ки дар системаи марказии асаб ба вуҷуд омада, ба фаъолияти узвҳои бадан таъсир мерасонад ва боиси сахтӣ ва ларзиш дар буғумҳо мегардад. Он одатан аз сабаби осеби ҳуҷайраҳои асаб, ки дар мағзи сар ба вуҷуд омадааст, инкишоф меёбад, ки боиси паст шудани сатҳи допамин гардида, нишонаҳои бемории Паркинсонро ба вуҷуд меорад.
Сабаби асосии пайдоиши Паркинсон чӣ аст?
Сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани Панкирсон энсефалит (иллати мағзи сар), атеросклерози рагҳои майна, осеб ёфтани cap, заҳролудшавӣ ва ғайра мебошанд.
Ҳангоми бемории Паркинсон мувозинати байни медиаторҳо (моддаҳое, ки барангезишро аз як ҳуҷайраи асаб ба ҳуҷайраи дигар ва аз асаб ба узвҳои корӣ мегузаронанд) ва майна вайрон мешавад.
Аломатҳои бемории Паркинсон кадомҳоянд?
Аломатҳои беморӣ бо мурури замон бадтар мешаванд. Беморӣ табобатнашаванда аст, аммо нишонаҳои онро метавон бо намудҳои гуногуни табобат ва доруҳо коҳиш дод. Аломатҳои маъмултарини бемории Паркинсон ларзишҳо, кашишҳои дардноки ихтиёрии мушакҳо ва мушкилоти нутқ мебошанд.
Дар бисёр ҳолатҳо гирифторони бемории Паркинсон маъюб гардида, ба кумаки беруна ниёзманд мешаванд.
Беморӣ одатан дар одамони калонсол рух медиҳад, аммо дар ҷавонон низ метавонад ба амал ояд. Ин беморӣ нисбат ба занон бештар ба мардон таъсир мерасонад.
Муолиҷаи бемории Паркинсон чӣ гуна аст?
Муолиҷаи ин беморӣ асосан бо усулҳои ҳаракатдиҳӣ амалӣ мешавад. Аз ҷумла, машқҳои қувватдиҳанда, омӯзиши роҳ ва машқҳои мувозинат, машқҳои гидротерапевтӣ, ки ба фаъолияти узвҳо таъсир мерасонанд.
Иштирок дар йога ва аэробика ҳар рӯз барои 20-30 дақиқа метавонад ба беҳтар шудани саломатии дилу рагҳо, буғумҳо ва мушакҳои бемор мусоидат кунад. Бемор метавонад ба машқҳое машғул шавад, ки аз мушакҳои осебдида канорагирӣ кунанд ва бо дигар буғумҳо барои нигоҳ доштани қувваи ҷисмонӣ ва функсияҳои ин минтақаҳо кор кунанд.
Доруи маъмултарин барои бемории Паркинсон доруи омехтаи леводопа + карбидопа мебошад, ки гардиши хунро дар майна зиёд мекунад. Барои кам кардани кашишҳои маҷбурии мушакҳо духтур метавонад ба бемор дигар доруҳо, аз ҷумла антихолинергикҳоро таъйин кунад.
Ҳавасмандкунии амиқи мағзи сар ва дигар усулҳои табобат метавонанд барои рафъи ларзишҳо ва кам кардани бори дорувории бемор истифода шаванд.
Бартараф кардани нишонаҳои бемории Паркинсон ва дигар бемориҳои нейродегенеративиро тавассути барқарорсозӣ, аз ҷумла барқарорсозии ҷисмонӣ ба даст овардан мумкин аст.
Ин усулҳо барои беҳтар кардани фаъолият ва сифати зиндагии онҳое, ки аз бемории Паркинсон ранҷ мебаранд, кумак мерасонад. Онҳо инчунин метавонанд бори парасторонро кам кунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд






