26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, ки ҳамасола 26 апрел гузаронида мешавад, дар Душанбе бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ихтироот, аз ғоя то маҳсулот» Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар форум муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат иттилоъ доданд, ки мусоидат ба рушди ихтироъкорӣ, татбиқи ихтироъ дар истеҳсолот, рушди неруи инсонӣ, дарёфти механизми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон аз ҳадафҳои асосии форуми байналмилалӣ мебошад.
Дар форуми байналмилалӣ намояндагони вазорату идораҳо, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ ва ҳамзамон ихтироъкорони дохили мамлакат ва берун аз он, бахусус аз Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Ташкилоти патентии Авруосиё, намояндагон аз Русия ва Беларус иштирок намуданд.
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон дар мавзуъҳои «Ихтироот ва навовариҳо ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат», «Омӯзиш ва оммавигардонии ихтироот», «Баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ ва имконияти тиҷоратикунонии ихтироот» маъруза намуданд. Инчунин вобаста ба дастовардҳои ихтироъкорон дар доираи Форуми байналмилалӣ намоишгоҳ баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки 26 апрели соли 1970 Конвенсияи таъсиси Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (World Intellectual Property Organization, WIPO) эътибор пайдо намуд. Он муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ буда, доираи фаъолияташ ба рушд ва дастрасӣ ба низоми байналмилалии моликияти зеҳнӣ нигаронида шудааст.
Ба иттилои масъулини Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ 19 ихтироъкори Тоҷикистон соҳиби медали тиллои WIPO, 9 нафар соҳиби медали тиллои ба номи В. Блинникови Идораи патентии авруосиёӣ «Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ» ва 26 ихтироъкори ҷумҳурӣ соҳиби «Нишони фахрӣ»-и Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Идораи патентии Тоҷикистон беш аз 500 патент ба ихтироъ, зиёда аз 100 патент ба намунаи саноатӣ, 1315 нахустпатент ба ихтироъ ва дигар ихтироъкорону соҳибмулкон супорида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ яке аз роҳҳои рушди иқтисодиёти мамлакатро ташаккули соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби шахсони лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъати раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотонии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа номиданд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар самти моликияти зеҳнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 39 созишномаву шартнома ва конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳамроҳ гардида, бо Идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.
Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид. «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъмини татбиқи афзалияти асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, мақсад ва вазифаҳои ояндаи самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи моликияти зеҳниро муайян намуда, ба рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати шарики баробарҳуқуқ, таъсиси заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳамгироии неруи миллии зеҳнӣ ба неруи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории вилояти Суғд бо ширкатҳои чинӣ густариш меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Молу маҳсулоти Тоҷикистон дар 17 намоишгоҳи дохилию байналмилалӣ муаррифӣ гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 3 ҳазор гектар ҷангалзор бунёд ва барқарор карда шуд
Дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология 259 кони дорои захираҳои саноатӣ ба қайд гирифта шуд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ҲУКУМАТИ РАҚАМӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фарқияти он
Дар Душанбе масоили таҳкими ҳамкории институтсионалӣ бо Агентии TIKA баррасӣ гардид
Дар Хатлон масоили рушди ҳамкории сармоягузорӣ ва боғдорӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳо ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 8 миллиард кВт-соатро ташкил дод
Таҷриба ва ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷаласаи сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) муаррифӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар озмоишгоҳҳои «Тоҷикстандарт» чӣ миқдор маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор гардид?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба истифодабарандагон ба маблағи беш аз 62 миллион сомонӣ хизмат расонидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳ 1 ҳазору 750 ҳолати вайронкунии қоидаҳои истифодаи неруи барқ ошкор гардид






