35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) то охири соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 270 иншоот ба истифода дода мешавад. Ин нукта зимни ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми се моҳи соли 2024 баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки дар чаҳорчӯбаи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят то ин муддат ба маблағи 2,1 миллиард сомонӣ корҳо анҷом ёфта, 54 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Имсол боз 36 иншоот бунёд мегардад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки саноат ва энергетика дар вилоят самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, давоми се моҳи соли 2024 корхона ва коргоҳҳои саноатии вилоят ба маблағи 39,5 миллион сомонӣ истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониро ба иҷро расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 19,6 фоиз ё 6,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 355 иншооти таъйиноти гуногун идома дорад. Дар байни онҳо иншооти стратегӣ, аз қабили қитъаҳои роҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон ва мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули калон дар шаҳри Хоруғ, Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа бо маблағи 3,6 миллиард сомонӣ аз бузургтарин иншоот ба ҳисоб мераванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






