ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд

Апрель 13, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ намудаанд. Аз ин хотир, пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаашон, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.

Дар робита ба ин масъала таваҷҷуҳ намоед ба нуқтаи назари корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Назар Холназаров.

-Солҳои охир масъалаи ҳаҷ ва ҳаҷравӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба маъракаи муҳим ё мусобиқа барои худнамоӣ табдил ёфтааст. Мо медонем, ки ҳаҷ яке аз фаризаҳои дини мубини ислом ба шумор рафта, иҷрои он барои ҳар мусалмон як маротиба фарз гардонида шудааст, ба шарте, ки агар имконияти моливу пулӣ дошта бошад.

Мутаассифона, қисме аз шаҳрвандони мо ҳам ҳаҷи фарзӣ ва ҳам ҳаҷи умраро ба «бизнес» табдил дода, ҳар сол бо баҳонаи зиёрати хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар менамоянд. Ҳар моҳ садҳо нафар шаҳрвандони мо аз тариқи шаҳрҳои Самарқанд, Тошканд, Тирмиз ва Қаршии Узбекистон, чанде аз шаҳрҳои Русия ва давлатҳои дигар вориди Арабистони Саудӣ мегарданд. Ҳаминро ба ҳисоб гирифта, рӯз ба рӯз ширкатҳои сайёҳӣ бештар гардида, бо каме арзон намудани хароҷоти сафар бо ҳам мусобиқа менамоянд. Аксари ин ширкатҳо танҳо барои ба даст овардани даромад ба ин кор даст мезананд.

«Танҳо соли 2023 63 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон маросими ҳаҷи умраро адо намудаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷкардаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст»,-иброз намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот.

Роҳбаладоне, ки аз ҷониби ин ширкатҳо интихоб мегарданд, худашон ба роҳбалад ниёз доранд. Ин аст, ки зоирон вақти пурқиматашонро беҳуда сарф карда, на ҳама маносики заруриро ба ҷо меоранд.

Барои роҳбалад шудан, пеш аз ҳама, донистани забони арабӣ ва ё забони англисӣ шарти аввал мебошад. Дувум, роҳбалад бояд нисбат ба мамлакат, урфу одатҳои ин кишвар, маконҳои мавриди зиёрати он маълумоти пурра дошта бошад. Севум, роҳбалад бояд оид ба дину мазҳаб маълумоти кофӣ дошта бошад. Пеш аз сафари ҳаҷ ҳар роҳбалад бояд аз даври омодагӣ гузарад ва имтиҳон супорад.

Барои касоне, ки аз зиёрат бармегарданд, мушкили асосӣ- ин ҳоҷиошӣ мебошад. Ва ҳоҷиошӣ боз сарборӣ дорад. Ба ҳар касе, ки ҳоҷисалом меояд, бояд ба ӯ ғайр аз хӯрок «барги сабз» гӯён ҷойнамозу тасбеҳ ё тоқиву тасбеҳ ва чизҳои дигар дода шавад. Бо ин корашон ҳоҷиён хароҷоти зиёдатӣ ё исрофу исрофкорӣ, ба тариқи дигар агар иброз дорем, зулм бар худу бар аъзои оилаашон мекунанд.

Дар ҳаҷи фарзӣ тибқи қонун баъзе маҳудият: аз қабили синну сол мавҷуд аст, аммо дар ҳаҷи умра ин маҳдудият ба назар гирифта нашудаанд. Бинобар он, мӯйсафедони азпоафтода ва хонумҳои фартутро низ кашола карда мебаранд. Охир, ин муйсафедҳо на тавони роҳ гаштан доранду на тавони иҷрои маносики ҳаҷ. Аз ин рӯ, беҳтар мебуд агар маблағи дар роҳи ҳаҷ сарф кардашонро барои ободонии диёр ва кумак ба ашхоси ниёзманд сарф мекарданд ва соҳиби садақаи ҷория мегардиданд.

Ҳар сол даҳҳо ё садҳо нафар зоирони ҳаҷи умра баъд аз анҷоми зиёрат ба хонаашон барнагашта, дар шаҳрҳои Макка ва Мадина пинҳон мегарданд. Ин амал ғайриқонунӣ буда, дар сурати ба даст афтодан ё аз кишвар берун карда мешаванд ё ба онҳо ҷазоҳои маъмурӣ дода мешаванд. Барои пешгирӣ аз ин кор Арабистони Саудӣ чанд рӯз пеш эълом намуд, ки ҳар касеро ки бо ин ҷурм дастгир мекунанд, аз ӯ ҳамчун ҷарима то 13 ҳазор сомонӣ ситонида мешавад ва ё ӯ ҳамчун ҷинояткор ба муддати муайян ба ҳабс гирифта мешавад.

Ҳамдиёрони моро зарур аст, ки пеш аз он ки ба чунин амал даст зананд, оқибати онро фикр намоянд.

Ниҳодҳое, ки барои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» муваззаф мебошанд, бояд назоратро дар ин бахш сахт намуда, ба ҳоҷиҳо ва умуман ба мардум фаҳмонанд, ки ба ҷойи ба мардум нону ош ва туҳфа додан ақаллан нисфи ҳамон маблағи сарфмешударо барои ободии кӯча, маҳалла, мактаб, нуқтаи тиббӣ ва ё дигар ҷойҳои ҷамъиятии макони зисташон сарф намоянд.

Имомхатибҳо ва дигар ашхоси мутасаддӣ бояд ба ҳоҷиён пеш аз сафари Ҳаҷ кардан бифаҳмонанд, ки агар баъди баргашт аз ҳаҷ ба ҷои забҳи гӯсфанду гов ва хӯронидани одамони ба «ҳоҷиошӣ» ё «ҳоҷибинӣ» омада нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои сохтмони пул, ҳаммом, кандани ҷӯй, шинонидан ва парвариши дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, ободу зебо гардонидани гӯшае аз диёр, ҳамвору қирпӯш кардани роҳҳо, ба сарпарастӣ гирифтани ятимоне, ки дар дил орзуи хондану аз бар кардани илму ҳунарро мепарваранд, вале мушкилоти молиявӣ ба онҳо ин имкониятро намедиҳад ва дигар корҳои хайр сарф намоянд, ҳазорон бор беҳтар аз додани обу ош ба мардум мебошад. Зеро ин ҷойҳо ва амалҳои гуфташуда ба гурӯҳи «садақаи ҷория» дохил шуда, барои нафари ин амалҳоро анҷомдода ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират пайваста савобу самараашон мерасад.

Назар ХОЛНАЗАРОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 13, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Рашт вохӯрии судманд доир гардид
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд