Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Риёз иштирок намуд

Апрель 30, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳон барои бартараф намудани норасоии маблағгузорӣ дар лоиҳаҳои инфрасохтори устувор то соли 2040 ба 15 триллион доллар ниёз дорад. Чунин гуфт Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд /БИР/ доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер зимни ифтитоҳи расмии   ҷаласаҳои солонаи БИР, ки дар мавзуи «Қадрдонии гузашта бо мақсади бунёди ояндаи аслӣ, ҳамраъйӣ ва шукуфоӣ»  дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Дар ҷаласаҳои солонаи Бонки Исломии Рушд ҳайати  расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иштирок намуд.

Имсол ҷаласаҳои солонаи Бонки Исломии Рушд дар ҳошияи 50 -солагии таъсиси бонк бо иштироки намояндагони ташкилоти байналмилалии молиявӣ ва намояндагони 57 давлати аъзои бонк баргузор шуданд.

Гуфта шуд, ки Бонки Исломии Рушд аз оғози таъсис барои дастгирии 12 000 лоиҳа барои рушд дар давлатҳои аъзо беш аз 182 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, минбаъд низ баҳри дастгирии лоиҳаҳои афзалиятноки кишварҳои аъзо мусоидат менамояд.

Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд соли 2023 барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварҳои аъзо ба маблағи умумии 4,3 миллиард доллар бо афзоиши 42 фоиз аз ҳисоби худи бонк, 6,9 миллиард доллар аз Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC), 627 миллион доллар Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) ва 13,3 миллиард доллар Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) суғурта ва кафолатҳои қарзӣ дар самтҳои молия, кишоварзӣ ва энергетика пешниҳод намудааст.

Завқӣ Завқизода дар нишасти мудирони бонк ба роҳбарияти Бонки Исломии Рушд барои таъсиси механизми нави маблағгузории имтиёзноки зиддибуҳронӣ (crisis window) изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки маблағҳои он ба ҳадафу афзалияти рушди давлатҳои аъзо, аз ҷумла иқтисоди «сабз», таъмини амнияти озуқаворӣ, инфрасохтори ирригатсионӣ ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим равона гарданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид