Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд

Апрель 20, 2024 15:57

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 апрел дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Корея Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ «KOPIST-2024» баргузор гардид, ки дар он намояндагони  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Дар кори форум, аз ҷумла   доир ба  зарфияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ,  омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузориҳо дар соҳаи сайёҳӣ маъруза карда шуд.

Намояндагони Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар партави дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятро дар самти рушди сайёҳӣ, шароити мусоиди ҳуқуқӣ, содагардонии дастрасии раводид, ба роҳ мондани низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ҷорӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар соҳаи сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ фароҳам овардааст.

Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ «KOPIST-2024»  аз ҷониби Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Корея баргузор гардида, дар он дар баробари Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони соҳаи сайёҳии чаҳор давлати Осиёи Марказӣ низ иштирок намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 20, 2024 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид