Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд

Апрель 19, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти он ки воситаҳои қарздиҳии Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ барои қонеъ кардани ниёзҳои тағйирёбандаи давлатҳо пайваста такмил дода мешаванд, мо ба дастгирии Хазина дар таъмини маблағгузории дарозмуддати дастрас барои таҳкими муқовимат ба амалҳои беруна, аз ҷумла омодагӣ ба тағйирёбии иқлим ниёз дорем. Чунин гуфт муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо муовини директори Хазинаи Байналмилалии Асъор  Бо Ли.

Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд,  ки Ҳоким  Холиқзода ба муовини директори Хазинаи Байналмилалии Асъор Бо Ли барои ҳамкории бисёрсолаву пурсамар ва дастгирии доимӣ дар ислоҳоти иқтисодӣ, инчунин тасдиқи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument), ки дар беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ нақши муассир дорад, изҳори сипос намуд.

Гуфта шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ намудани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва мақсадноки ислоҳоти Барнома аз сари вақт расонидани кумаки техникӣ ва машваратии дар доираи ин барномаи пешбинишуда вобастагӣ дорад.

Ҷониби Тоҷикистон мусоидати Хазинаи Байналмилалии Асъорро дар ташаккули институтҳо ва рушди иқтидори инсонӣ тавассути Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Минтақаи Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон қобили қабул донист.

Муовини директори Хазинаи Байналмилалии Асъор Бо Ли омодагияшро ба муколама ва ҳамкории судманд баён намуда, аз дастовардҳое, ки имрӯз Тоҷикистон ноил гаштааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 19, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд