Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллиро тамошо намуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Узбекистон бо маҷмааи «Истиқлол», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангию фароғатии «Алишери Навоӣ»- и пойтахт шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Ҳайати меҳмонон аз шукуфоии пойтахт- шаҳри гулҳо – Душанбе ва зебову дилоро гаштани боғу гулгаштҳои он изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон майдони «Истиқлол», ки дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд гардид, ба меҳмонон таассуроти нек бахшид.
Инчунин меҳмонон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанг ва нигораю бозёфтҳои таърихии миллати тоҷик, ки таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад, аз наздик шинос шуданд.
Сипас дар Боғи фарҳангию фароғатии «Алишери Навоӣ» дар пояи муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба хотири гиромидошт ва поси хотири ин ду абармарди дунёи ирфонӣ гулчанбар гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 20 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои узбек баргузор мегарданд.
Зимни он филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов», «Судя», «Таҳаввулот» ва «Зинда бод ҳамсар!» дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб барои алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд.
Рӯзҳои синамои узбек 16 апрел, соати 17.00 дар кинотеатри «Наврӯз» бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» оғоз мегарданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






