Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти таҳсили олии касбӣ ва илм баррасӣ карда шуд

Апрель 15, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Конгратбай Шарипов дар шаҳри Тошканд вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар самти таҳсили олии касбӣ ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо рушди босуръати ҳамкориро дар ин самт натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарони ду давлати ба ҳам дӯст унвон намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки имрӯз баргузор мегардад, ба шаҳри Тошканд сафар намуд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 15, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд