Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои алоқа ва коммуникатсия баррасӣ гардид

Апрель 5, 2024 16:52

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бахшҳои алоқа ва коммуникатсия баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки зарфияти ҳамкорӣ дар самтҳои алоқа ва коммуникатсия байни ду мамлакат фарох буда, густариши робитаҳо ба манфиати ду ҷониб мебошад.

Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро ба густариш ва рушди муносибатҳои дуҷониба иброз дошта, доир ба нақшаи ҳамкории минбаъда табодули афкор намуданд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2024 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид