Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳадафи густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ байни гумрукӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олимҷон Азизов хабар дод.
Кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Хадамоти гумрук дар бораи фаъолияти мониторҳои портали радиатсионӣ (RPM) ва системаҳои рентгенӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Ялама дар Ҷумҳурии Узбекистон гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Ин системаҳо барои пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи радиоактивӣ ва таъмини амнияти занҷири минтақавии таъминот муҳим мебошанд.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ аз татбиқи воситаҳои пешрафтаи технологӣ дар ҳифзи сарҳад аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон изҳори миннатдорӣ намуд.
«Мо аз истифодаи таҷҳизоти замонавии мониторҳои портали радиатсионӣ ва рентгенӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон таассурот нек бардоштем. Метавонем аз ҳамдигар омӯзем, то тавоноиро дар мубориза бо таҳдидҳои маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ такмил диҳем»,-изҳор дошт профессор Илҳом Мирсаидзода.
Ҳайат дар Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарияти он мулоқот намуд. Маълумоти муфассал вобаста ба раванди рақамикунонӣ дар Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон, ки бо мақсади содагардонии амалиёти гумрукӣ татбиқ шудааст, пешкаши ҳайат гардид. Инчунин маълумот дар бораи истифодаи самараноки фанновариҳои рақамӣ дар расмиёти гумрукӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвор аст ояндаи наздик онро амалӣ намояд, пешкаш гардид.
АКС: Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






