АШҚОБОД – БАРОДАРШАҲРИ ДУШАНБЕ. Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ соли 2017 ба имзо расида буд

Апрель 4, 2024 12:14

ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 сол қабл, 2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод Созишнома дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расид. Созишномаи мазкурро Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Ашқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расониданд, ёдовар мешавад АМИТ «Ховар» дар ҳошияи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов субҳи имрӯз ба Тоҷикистон.     

Ёдовар мешавем, ки 2 ва 3 ноябри соли 2017 Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов — Президенти вақтии Туркманистон бо ҳайати бонуфузи расмии давлаташ   бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Зимни ин сафари бобарор Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони воломақоми Тоҷикистон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир намуданд.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар гирифт, ки  шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ба беш аз 70 адад расид. Яке аз санадҳои пурарзиши муносибатҳои ду давлат, ки аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов  ба имзо расид, Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ мебошад. Татбиқи самараноки санадҳо барои Тоҷикистону Туркманистон боманфиату судовар буда,  баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои деринаи дӯстӣ заминаи боэътимод гузошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 4, 2024 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад