Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд

Апрель 22, 2024 19:10

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 35 нафар намоянда аз ҳисоби ҷавонони мамлакат бо фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоию сиёсии ҷавонон,  ҳимояи манфиатҳои онҳо, пешниҳоди тавсияҳои зарурӣ барои пурра нишон додани  неруи зеҳнӣ ва ишғол  намудани мавқеи сазовор дар ҷомеа пеш гирифта шуд.

Зимни мулоқот ба ҷавонон самтҳои асосии фаъолияти Парлумон, аз  ҷумла   ваколатҳои  асосии  палатаи поёнӣ, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти вакилон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, инчунин хусусияти фаъолияти  Парлумон бо такя ба қабулу татбиқи қонунҳо ва назорати иҷрои онҳо шарҳу эзоҳ дода шуд.

Ҳамзамон иштирокчиён бо ҷараёни кори кумита ва комиссияҳои доимии Маҷлиси намояндагон ва дастгоҳи он шинос шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 22, 2024 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд