Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат дар Форуми ҷавонони Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ таҳти унвони «Тақвият додани Рӯзномаи 2030 ва аз байн бурдани камбизоатӣ дар замони буҳронҳои гуногун: татбиқи самараноки рушди устувор, роҳҳалҳои пойдор ва инноватсионӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Ҷонибек Ҳикмат таъкид намуд, ки Тоҷикистон мамлакати ҷавонон аст ва бо назардошти саҳм ва нақшашон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат онҳо дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ баҳри ҳимояи ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» қабул карда шудаанд.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






