Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд

Апрель 28, 2024 11:33

ХОРУҒ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад.

Барои сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ соли 2023 иқдом гирифта шуда, аз моҳи апрел корҳои сохтмонӣ дар ин бино оғоз гардиданд. Фармоишгари сохтмон Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, корҳои бунёдиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шариф ШС» аз шаҳри Хоруғ ба уҳда дорад.

Имрӯзҳо дар ин иншооти барои ҳизбиён муҳим 25 бинокори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шариф ШС» ба корҳои бунёдӣ машғул буда, аллакай қабати якуми иншоотро ба итмом расониданд ва хиштчинӣ дар ошёнаи дуюм идома дорад. Дар баробари ин аз ҷониби коргарон корҳои андовакунӣ дар утоқҳои кории ошёнаи якум қариб ба итмом расонида шуда, васлу насби хатҳои интиқоли барқ ҳанӯз идома дорад.

Мутобиқи иттилои сардори сохтмон Тилло Машрабов, масолеҳи сохтмонӣ бе ягон душворӣ аз шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад. Дар пешбурди корҳо бинокорон аз ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ саҳм мегузоранд. Музди меҳнати коргарон мутобиқи иҷрои ҳаҷми кор пардохт карда мешавад ва ҳар коргар бештар аз 3 ҳазор сомонӣ музди меҳнат мегирад. Мутобиқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар бино аввалҳои моҳи августи имсол ба анҷом расонида шуда, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав гардида, фаъолиятро дар бинои наву замонавӣ оғоз мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар амалисозии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми калидӣ дошта, аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамари ҳизбиён дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон биноҳои нави кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ бунёд ёфта, шароити кории ҳизбиён комилан беҳбудӣ меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 28, 2024 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид