Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гурӯҳ ҳунармандони ду давлат баргузор гардид.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонӣ, бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон чор нафар, аз ҷумла, Озодбек Назарбеков, Муножатхон Юлчиева, Ағабай Сабиров ва Юлдуз Усмонова бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва Ёдгор Сагдиев бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи сарфарозгардонии гурӯҳи арбобони санъат ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкории стратегӣ, ҳампаймонӣ, дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии наку, ҳамчунин барои пешбурди фаъолияти самарабахш ҷиҳати ҳифз ва инкишофи ҳунар, арзишҳои маънавӣ ва мероси таърихӣ, нақши муассир дар самти таҳкими дӯстӣ байни мардумони ба ҳам бародар Миралӣ Достиев, Исмоил Назриев, Фурқат Саидов, Тулқин Тоҷибоев ва Раҳматулло Ҳошимов бо унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Узбекистон сарфароз гардонда шуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд






